Ғазали 19 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 19

Он, ки аз бӯйи баҳораш ранги имкон рехтанд, Гарди роҳаш ҷӯш зад, осори аъён рехтанд.

Шоҳиди базми хаёлаш то дарад тарфи ниқоб, Орзуҳо шаш ҷиҳат як чашми ҳайрон рехтанд.

То дами кайфияти Маҷнуни ӯ омад ба ёд, Синачокони азал субҳ аз гиребон рехтанд.

Осмон з-он чашми шаҳло чашмакӣ андеша кард, Аз кавокиб дар канораш наргисистон рехтанд. Ҳайрате зад ҷӯш аз он нақши қадам дар табъи хок, То назар во кард, бар фарқаш гулистон рехтанд.

Аз ҳавои сояи дасти карамдарбори ӯ,

Абрҳо дар ҷилва оварданду борон рехтанд.

Тарфе аз домонаш афшонданд, ҳастӣ зад нафас В-аз хиромаш ёд карданд, оби ҳайвон рехтанд. Номи ӯ бурданд, асмои қидам омад ба арз,

Аз лаби ӯ дам заданд, оёти Қуръон рехтанд.

Аз ҷамолаш сурати илми азал бастанд нақш В-аз каломаш маънии таҳқиқи инсон рехтанд. Ғайри зоташ нест, Бедил, дар хаёлободи сунъ,

Ҳар чӣ ин бастанд нақшу ҳар қадар он рехтанд.

РУБОИИ 19

Инсон мушкил, ки ҷойи худ бишносад,

Ё мақсаду муддаои худ бишносад.

Муддатҳо чашм бар тааммул дӯзад,

То сурати дасту пойи худ бишносад.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *