Ғазали 33 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 33

Зи чоки сина оҳе менависам, Катонам, ҳарфи моҳс мснависам. Муҳаббат помапардоз аст имрӯз, Шарори барги коҳс менависам. Саропо дардам, аз матлаб мапурсед, Ба мактуб оҳ-оҳе мснависам.

Ба ранги соя машқи дигарам нест, Ҳамин рӯзи сисҳе мснависам.

Ғубори интизори кист ашкам?

Ки ҳар сатрс ба роҳс мснависам. Саводи нуқтаи мавҳум равшан,

Ба таҳқиқ, иштибоҳс менависам. Расоӣ нест сатри риштаи аҷз,

Зибас хокам, гисҳе мснависам. Гуноҳи дигар изҳори таҳайюр,

Агар узри гуноҳе мснависам.

Нисз ойинаи асрори ноз аст, Шикастам, каҷкулоҳс менависам. Ҳуҷуми лагзиши ҳуш аст, хат нсст,

Ба рагми ҷода роҳс мснависам.

Ду олам нусхаи ҳайрат савод аст,

Ба ҳар сурат нигоҳс мснависам.

Зи дил нақши умеде ҷилвагар нест, Бар ин ойина оҳс мснависам.

Чу субҳам сафҳа бснақш аст, Бсдил, Шикасти ранг гоҳс менависам.

РУБОИИ 33

Бедил, агарат касби шуур аст зи шарм, Илму амали ту носабур аст зи шарм. То ҳаст зи по фитодае дар назарат, Қоматороии ту дур аст зи шарм.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *