На сурати бӯеву на рангест дар ин боғ,
Ваҳми ту тамошоии бангест дар ин боғ.
Шохи гулу сарве, ки сари ноз кашида,
Тасвири камоневу хадангест дар ин боғ. Ваҳшат ҳама фаршафкании хоби баҳор аст, К-аз сояи гул пушти палангест дар ин бог. Иқболи ҷаҳонро ба балаидӣ наситоӣ,
Оғӯши саҳар коми наҳангест дар ин боғ.
Эй гунча, махӯр ишваи уммеди шукуфтан,
Ҳуш дор, ки бӯйи дили тангест дар ин боғ. Анҷоми баҳор ин ҳама помоли хазонест, Ойина мапардоз, ки рангест дар ин бог.
Дар хандаи гул бӯйи саломат натавон сфт,
Гар қулқули миност, тарангест дар ин бог.
Ҳар ранг, ки гул кард, шикастан ба камин буд, Ҳар шиша мачинсд, ки сангест дар ин боғ. Расвоии помуси ҳаё буд табассум,
Гул ҳайф нафаҳмид, ки нангест дар ин бог. Парвози насим аст парафшопи тасалсул,
Ерон ҳама нозон, ки дарангест дар ин бог. Бедил, майи ишрат ба касе нсст мусаллам,
Ҳар гулшикан омодаи рангест дар ин бог.
РУБОИИ 30
Бар хони ҳавас гурусна мурдем, дареғ,
Дандон ба тамизе нафушурдсм, дарег.
Ин ҷо яксар насиби мо ҳасрат буд,
Хӯрдем фусуни чанду бурдем дареғ.