Газали 32 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ГАЗАЛИ 32

Далсли корвони ашкам, оҳи сардро монам, Асарнарварди доғам, ҳарфи соҳибдардро монам. Рафиқи ваҳшати ман ғайри доғи дил намсбошад, Дар ин ибратсаро хургасди танҳоғардро монам. Баҳори обрӯям сад хазон хиҷлат ба бар дорад, Шукуфтан дар мизоҷам нсст, рапғи зардро монам. Ба ҳукми аҷз шак натвон зудуд аз интихоби ман,

Дар ин дафтар шикасти ғӯшҳои фардро монам.

Ба ҳар мижғон задан ҷӯшидаам бо оламс дигар, Парсшопрӯзгорам, ашки ғампарвардро монам. Шикасти ранғаму бар дӯши оҳс мекунам ҷавлон, Дар ин дашт аз заифӣ коҳи бодовардро монам. Тамизи халқ аз ташвиши кӯрӣ барпамсояд,

Ҳама гар сурма ҷӯшам, дар назарҳо гардро монам. Па доғам моили гармӣ, на нақшам қобили маънӣ, Бисоторои ваҳмам, каъбатайни нардро моиам.

Ба худ оташ занам, то гарм созам паҳлуи доғс,

Зи бас афсурдатабъиҳо танӯри сардро монам. Хиҷолат сарфи гуфторам, надомат вақфи кирдорам, Саропо инфиолам, даъвии номардро монам.

Па ашкс зсби мижгонам, на оҳс боли афғонам, Тапидан ҳам намедонам, дили бсдардро монам.

Ба маҷбурӣ гирифторам, манурс аз вазъи мухторам, Ҳама гар омадс дорам, ҳамон овардро монам.

Фалак умрсст дур аз дӯстон мсдорадам, Бсдил,

Ба рӯйи сафҳаи офоқ байте фардро монам.

РУБОИИ 32

Бсдил, аз табъи назм бӯйс дорам,

Яъне, маънисиришт хӯйе дорам.

Не мадҳи туе, на қадҳи ӯйс дорам,

Бо фурсати шавқ гуфтуғӯйс дорам.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *