Ғазали 36 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 36

Ҳаёро дастгоҳи худписандиҳои тоқат кун,

Арақ дар саъй резу сарфи таъмири хиҷолат кун.

Дар ин баҳр обрӯе гайри забти худ намебошад,

Чу гавҳар пой дар доман кашу сомони иззаг кун. Надорад мағз тамкин, аз хаёли майкашӣ бигзар,

Ба бӯйи бодае чун нунбаи мино қаноат кун.

Ба маҳрумӣ кашад то кай гаронхезӣ чу мижгонат? Тамошо меравад аз дида, чун наззора суръа т кун. Ҳубобат аз шикаст огӯши дарё мекунад иншо, Ғубори аҷз агар аз хеш болад, нози шавкат кун. Илоҷи чашми худбин нест ҷуз мижгон ба ҳам бастан Чу ойина намадро пунбаи ип доғи кулфат кун.

Ба навмедӣ дил аз занги ҳавасҳо пок мегардад,

Гараш сайқал кунӣ, аз судани дасти надомат кун.

Зи мушти хок ғайр аз саҷда корс барнамеояд,

Ибодат кун, ибодат кун, ибодат кун, ибодат кун. Дили ҳар зарра ин ҷо чун ту ҷоне дар багал дорад, Маноз, эй бехабар, чандин, мурувват кун,

мурувват кун.

Ба эҳсон резиши абри карам мавқеъ намехоҳад, Гирифтам, қобили раҳмат набошам, боз раҳмат кун. Дар ин ҷо саъйи ғаввос аз садаф вомешавад гавҳар, Ту ҳам боре дили моро шикоф, ӯро зиёрат кун. Сабукрӯҳист, Бедил, маҳмили андози парвозат, Фусурдан то ба кай, бо нолаи дарде рафоқат кун.

РУБОИИ 36

Фурсат муфт аст, сайри ҳар гулшан кун,

Аммо зи гули лола ҳаё хирман кун.

Яъне, ҳама доғи дилу чоки ҷигар аст,

3-ин нусха саводи ибрате равшан кун.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *