Ғазали 35 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 35

Бе саьйи ибрате нест тарки ҳас накардан,

Чизе ба пеш дорад сар бар ҳаво накардан. Ҳангомаи руупат м-аидеш хосаи шамъ,

Дар ҳар сар оташе ҳаст, то нақши но накардан. Ойинаи ҳузурем, аммо чӣ метавон кард? Шармат ба дидаи мо зад қуфли во накардан. Дар боргоҳи икром маснуъи беяқинист Бо як ҷаҳон иҷобат гайр аз дуо накардан.

Аз шӯхчашмии мо он ҷилва монд маҳҷуб,

Дод аз ҷунуннигоҳӣ, оҳ аз ҳаё накардан. Ҳарчанд ранги нозат машшотаи ғано буд,

Бар хуни мо ситам кард ёди ҳино накардан. Ҳайф аст маҳрами баҳр бар мавҷ хӯрда гирад, Бо халқ беҳаёист шарм аз Худо накардан. Қулқулнавост мино, эй соқиён, сафире,

Бар ранги рафтаи мо го кай садо накардан? Васли гуҳар дар ин баҳр мавқуфи бсталошист, Эй мавҷ, маслиҳат нест тарки шино накардан. Накди ганоими умр воҷустам аз рафиқон, Гуфтанд: «Домани ҳам аз каф раҳо накардан». Анҷоми кор чун мавҷ манзури ҳеч кас нест, Умрест меравад пеш рӯ бар қафо накардан. Маҳҷуби гуфтугӯем, маъзури ҷустуҷӯем, Гуфтори мо хамӯшӣ, кирдори мо накардан. Бедил, гами алоиқ ҳайф аст бори дӯшат,

Сар нест ин, ки бояд аз тан ҷудо накардан.

РУБОИИ 35

Эй мурдаи интизори маҳшар будан,

Ҳайф аст ба ҳар фасонаат хун хӯрдан.

Дар сурати офоқ назар кун, к-ин ҷо Ҳар рӯз қиёмат асту ҳар шаб мурдан.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *