Ғазали 37 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 37

Рафтӣ зи дил, нишаст ба хун дар қафои ту, Эй рафта аз назар, чӣ ҳино дошт пойи ту? Мастуриат нахост ҷунуни гурури ноз, Болидани ту кард ситам бар қабои ту.

Хун шуд ба нлаву дили дсвона ранг баст, Лайлихасл маҳмили бонги дарои ту.

Боз о, ки рафт умру тапишҳои дил ҳамон Ҷорӯб мсзаиад дари мсҳмонсарои ту.

Ранги қабули он кафи по бс асар мабод,

Гул саҷда кошта-ст ба боги зиёи ту.

Аз қатра то муҳит ба ҷӯши арақ гум аст, Ойинахоиа кард ҷаҳонро ҳинои ту.

Имкони ҷуръати мижа бардоштан кирост? Лагзидааст ҳар ду ҷаҳон дар сафои ту.

Аз дур мсрасиву маро бурда инфиол Ҷос, ки бояд аз арақам шуст пойи ту.

Дар маъбади вафо ба рукӯе намерасад Дӯше, ки нсст қобили бори атои ту.

Эй кош, гарде аз кафи хокам шавад баланд, ‘То гул кунад баҳонаи дасти дуои ту.

Бедил, дилат ба банди худ афсурду хок шуд, Роҳат ба ҳеч сӯ накушуданд, войи ту!

РУБОИИ 37

Бо сози фусурда нагмаи дилкаш ку?

Дар лафзи қадар маонии дилкаш ку?

Эй ҳарзаталош, оҳани сард макӯб,

Доман бар санг мезанӣ, оташ ку?

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *