Ғазали 39 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 39

Гар аз ғавҳар камар созиву ғар дастори зар печӣ, Дамс бскашмакаш ғардӣ, ки зсри хок сар печӣ. Нафас хун ғапғгу таскини ҳубобс ҳам нашуд ҳосил, Чу ғирдоб ин қадар то чанд дар фикри гуҳар псчӣ? Зи ҳайрат пой дар ғил мондаи таҳрики мижгонӣ, Нигоҳи бениёзӣ го ба кай дар чашми тар псчӣ?

Ба хатти анбарин дар ҳола ғирӣ моҳи тобонро,

Зи ғесӯ сунбули шодоб дар гулбарги тар печӣ.

Зи тадбири дигар ороиши нозат намеояд,

Биғардад нозукӣ гирди миёнат, то камар псчӣ. Каманд ин ҷо расоӣ дархури сомони чин дорад, Ҷаҳон сайди хаёли тус г, бар худ ҳар қадар псчӣ. Бирав, зоҳид, надорӣ мағзи бар асрор печидан,

Ту маҳви зоҳирӣ, аммома мсбояд ба сар печӣ.

Ба парвози ҳавас то кай нафас мссӯзӣ, эй ғофил, Каманди нолаи ҷаҳдӣ, ки бар сайди асар печӣ. Тамошо з-ин ду найранғи ҳавас бсрун намсбошад, Пиғаҳ гар нест, бояд чун шунидан бар хабар печӣ. Ба ҷуз ризқи муқаддар исст мумкин ҳосили комат, Агар чун анкабутон ришта бар сад бому дар печӣ. Туруру аҷзи дунё ҳукми июхи оҳувои дорад,

Ту ҳам чандон, ки бар худ бсш болӣ, бештар печӣ. Басс псчид, Бедил, нолаат бар домани шабҳо,

Кунун вақт аст, ағар ин ришта дар пойи саҳар печӣ.

РУБОИИ 39

Ин ҷисм, ки мушти устухонаш бинӣ,

Гар дил равшан шавад, ҷаҳонаш бинӣ.

Аз тимсоли ту шаш ҷиҳат лабрсз аст,

Ку ойинахона, то аёнаш бинӣ?

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *