Дилам мегиряд аз дарди Бадахшон.
Равам эй кош сӯйи “Гармчашма”
Бинӯшам чашмаи сарди Бадахшон.
Тамошои азои ту биёям,
Бигирям бо зану марди Бадахшон.
Ба сад ҳила фурухтӣ нозанинро,
Бимирад, ҳар кӣ номарди Бадахшон.
Бадахшон, Тоҷикистонам ту ҳастӣ,
Ҳама шеърам раҳоварди Бадахшон!
Суботу сулҳ хоҳам, то касе ҳеҷ
Набошад ғуссапарварди Бадахшон!
Shoira Rahimjon – شاعره رحیم جان