Ба фиреби дили девонаи худ.
Ба алам боз бигўем ба ҳам,
Зи дурўғи худу афсонаи худ.
На ту бар ҳарфи дилам гўш диҳӣ,
Накунам низ ба ҳарфат бовар.
Ту чи хоҳӣ зи ману ман зи ту чӣ,
Фақат ин аст аён бар Довар.
Зи чи домони маро сар надиҳӣ,
Биравам боз кунӣ овоям.
Зи ту бигрезаму бозам талабӣ,
Мани девона ба пешат оям.
На дигар тоқати ту дораму ту,
Аз дигар дидани ман мехоҳӣ.
Аз чи пас зуд раҳоям накунӣ,
На пайи кўшиши як ислоҳӣ.
Ва кунун дарк намудӣ , ки чаро
Ба ҳамему дили ҳам озорем?
Ману ту ҳамдигариро ба зиёд,
Дуст дорему зи ҳам безорем… Sh.R
Shoira Rahimjon – شاعره رحیم جان