Чу дар бутон занад оташ бутам, зиҳӣ иқбол!
Чунон ки дӣ зи ҷамолаш ҳазор тавба шикаст,
Агар расад аҷаб имрӯз ҳам, зиҳӣ иқбол!
Нишастаанд дар уммеди ӯ қатор, қатор,
Агар зи лутф намояд карам, зиҳӣ иқбол!
Миёни лашкари ҳиҷрон, ки теғ дар теғ аст,
Сипоҳи васл барорад алам, зиҳӣ иқбол!
Ҳазор гул бинамояд, ки хор маст шавад,
Ҳазор ханда барорад зи ғам, зиҳӣ иқбол!
Ба рағми ҳирси шикамхор хон ниҳад то дил,
Ҳазор коса кашад бе шикам, зиҳӣ иқбол!
Чу ишқ даст барорад, сабук шавад қолаб,
Давад ба гирди фалак бе қадам, зиҳӣ иқбол!
Чу субҳдам бирасад шоҳ Шамси Табрезӣ,
Чу офтоби ҷаҳон беҳушам, зиҳӣ иқбол!