Миёни ҳалқаи ушшоқ зӯфунун бошам!
Манам ба ишқ Сулаймон, забони ман Осаф,
Чаро ба бастаи ҳар доруе фусун бошам?!
Халилвор бипечам сари худ аз Каъба,
Муқими Каъба шавам, Каъбаро сутун бошам!
Ҳазор Рустами Дастон ба гарди мо нарасад,
Ба дасти нафси муханнас чаро забун бошам?!
Ба даст гирам он зулфиқори пурхунро,
Шаҳиди ишқаму андар миёни хун бошам!
Дар ин бисот манам андалеб ар-раҳмон,
Маҷӯй ҳадду канорам, зи ҳад бурун бошам!
Маро ба ишқ бипарвард Шамси Табрезӣ,
Зи рӯҳи қудус зи каррубиён фузун бошам!