Агар Ишқат Ба Ҷойи Ҷон Надорам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Агар ишқат ба ҷойи ҷон надорам,
Ба зулфи кофарат имон надорам!
Чу гуфтӣ нанг медорӣ зи ишқам,
Ғами ишқи туро пинҳон надорам!
Ту мегуфтӣ: “Макун дар ман нигоҳе,
Ки ман хунҳо кунам, товон надорам!”
Мани саргашта чун фармон набурдам,
Аз он бар неку бад фармон надорам!
Чу ҳар кас лутф меёбанд аз ту,
Мани бечора, охир, ҷон надорам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *