Агар Шуд Суду Сармоя Чи Ғамгинӣ Чу Ман Ҳастам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Агар шуд суду сармоя, чи ғамгинӣ, чу ман ҳастам!
Баровар сар зи ҷуди ман, ки лотосу намудастам!
Агар фонӣ шавад олам, зи дарёе бувад шабнам,
Гар афтодаст ӯ аз худ, наяфтодаст аз дастам!
Ҷаҳон моҳӣ, адам дарё, даруни моҳӣ ин ғавғо,
Кунам сайдаш, агар гум шуд, ки ман сайёди бешастам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *