Аё Ёре Ки Дар Ту Нопадидам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Аё ёре, ки дар ту нопадидам,
Туро шакли аҷаб дар хоб дидам!
Чу хотунони Миср аз ишқи Юсуф
Турунҷу даст бехуд мебуридам!
Куҷо он маҳ, куҷо он чашми дӯшин,
Куҷо он гӯш, к-онҳо мешунидам?!
На ту пайдо, на ман пайдо, на он дам,
На он дандон, ки лабро мегазидам!
Манам анбори оганда зи савдо,
К-аз он хирман ҳама савдо кашидам!
Ту ороми дили савдоиёнӣ,
Ту Зуннуну Ҷунайду Боязидам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *