Аз Баҳри Чӣ Дар Ғаму Заҳиред – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Аз баҳри чӣ дар ғаму заҳиред,
Вақти сафар аст, хар бигиред!
Хезеду равон шавед, ёрон,
То ҳамчу равон сафо пазиред!
Паррон бошед дар пайи сайд,
Охир на кам аз камону тиред!
Андар ҳаракат ниҳон рӯзист,
Гар муҳташамеду гар фақиред!
Дар аввали рӯз тоза з-онед,
Ки шаб суви ғайб дар масиред!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *