Аз Ин Пастӣ Ба Сӯйи Осмон Шав – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Аз ин пастӣ ба сӯйи осмон шав,
Равонат шод бодо, хуш равон шав!
Зи шаҳри пуртабу ларза биҷастӣ,
Ба шодӣ сокини доруламон шав!
Агар шуд нақши тан, наққошро бош,
Вагар вайрон шуд ин тан, ҷумла ҷон шав!
Вагар рӯй аз аҷал шуд заъфаронӣ,
Муқими лолазору арғавон шав!
Вагар дарҳои роҳат бар ту бастанд,
Биё аз роҳи бому нардбон шав!
Вагар танҳо шудӣ аз ёру асҳоб,
Ба ёрии Худо соҳибқирон шав!
Вагар аз обу аз нон дур мондӣ,
Чу нон шав қути ҷонҳову чунон шав!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *