Азми Рафтан Кардайӣ Чун Умри Ширин Ёд Дор – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Азми рафтан кардайӣ чун умри ширин, ёд дор!
Кардайӣ асби ҷудойӣ рағми мо зин, ёд дор!
Бар замину чарх рӯяд мар туро ёрони соф,
Лек аҳде кардайӣ бо ёри пешин, ёд дор!
Кардаам тақсирҳо, к-он мар туро кин оварад,
Лек шабҳои маро, ай ёри бекин, ёд дор!
Қурси маҳро ҳар шабе чун бар сари болин ниҳӣ,
Он ки кардӣ зонуйи моро ту болин, ёд дор!
Ҳамчу Фарҳод аз ҳавоят кӯҳи ҳиҷрон меканам,
Ай туро Хусрав ғулому сад чу Ширин, ёд дор!
Бар лаби дарёи чашмам дидайӣ саҳрои ишқ
Пур зи шохи заъфарону пур зи насрин, ёд дор!
Илтимоси оташинам сӯйи гардун меравад,
Ҷабраил аз арш гӯяд: “Ё Раб, омин, ёд дор!”
Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯйи ту,
Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дин, ёд дор!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *