Ай Бародар Ошиқиро Дард Бояд Дард Ку – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай бародар, ошиқиро дард бояд, дард ку!
Собириву содиқиро мард бояд, мард ку?!
Чанд аз ин зикри фусурда?! Чанд аз ин фикри заман?!
Наъраҳои оташину чиҳраҳои зард ку?!
Кимиёву зар намеҷӯям, миси қобил куҷост?!
Гармрӯро худ кӣ ёбад?! Нимгарме сард ку?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *