Ай Ғизойи Ҷони Мастам Номи Ту – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай ғизойи ҷони мастам номи ту,
Чашму ақлам равшан аз айёми ту!
Шаш ҷиҳат аз рӯйи ман шуд ҳамчу зар,
То бидидам сими ҳафт андоми ту!
Гуфта будӣ, ки «зи ту бигрифт дил»,
Ман нахоҳам дар ҷаҳон ҷуз коми ту!
Мунтазир биншастаам, то даррасад
Аз пайи ҷон хостан пайғоми ту!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *