Бигрӣста осмон ҳама шаб!
Гар чарх бигиряду бихандад,
Он ҷазбаи хок бошад ағлаб!
Азбаски бирехт ашк бар хок,
Шуд хок зи ашки ӯ мутайяб!
Аз гиряи осмон даромад
Сад боғ ба хандаи музаҳҳаб!
Ман будаму чарх дӯш гирён,
Ӯрову маро якест мазҳаб!
Аз гиряи осмон чӣ рӯяд?!
Гулҳову бунафшаи мураттаб!
В – аз гиряи ошиқон чӣ рӯяд?!
Сад миҳр даруни он шакарлаб!
Он чашм ба гиря мефишорад,
То бифшорад нигор ғабғаб!
Ин гиряи абру хандаи хок
Аз баҳри ману ту шуд мураккаб!
В – ин гиряи мову хандаи мо
Аз баҳри натиҷа шуд мураттаб!
Хомӯш куну назора мекун
Андар талаби ҷаҳону матлаб!