Зинҳор махур бо мо, зинҳор махусб имшаб!
Имшаб зи худ афзунем, дар ишқ дигаргунем,
Ин бор, бибин, чунем, ин бор махусб имшаб!
Ай тавқи ҳавои ту андар ҳама гарданҳо,
Моро ҳама шаб танҳо магзор, махусб имшаб!
Сайдем ба шасти ғам, шӯридаву масти ғам,
Моро ту ба дасти ғам маспор, махусб имшаб!
Ай сарв гулистонро в-ай моҳ шабистонро,
Ин моҳпарастонро м-озор, махусб имшаб!