В – он ҳарф намегунҷад дар саҳни баёни ман!
Мегардад тан дар кад бар ҷойи забони х(в)ад,
Дар пардаи он мутриб, к-ӯ зад зарабони ман!
Ҳам соғару ҳам бода сармаст аз он соқӣ,
Ҳам ҷону ҷаҳон ҳайрон дар ҷону ҷаҳони ман!
Аз ғайб яке лаъле дар ғори ҷаҳон омад
В-он лаъл шуда ҳайрон дар иззати кони ман!
Моро ту куҷо ёбӣ, гар мӯй ба мӯ ҷӯйӣ,
Чун дар сари зулфи ӯ гаштаст макони ман?!
Ҷон дӯш мар он маҳро мегуфт: «Дилам хастӣ,
Пайкони пур аз хун бин, ай сахткамони ман!».
Гуфто, ки «шикори ман ҷуз шер куҷо бошад?!
Ҷуз лаъли бадахшонӣ кӣ ёфт нишони ман?!»
Ҷуз далқи дусадпора ман пора куҷо гирам?!
Боқии қумошат ку?! Ай далқкашони ман!».
Шамсулҳақи Табрезӣ, аз даври замон бартар
В-афзуда зи ҳар давре аз вай даварони ман!