Ай дил, наметарсӣ магар аз ёри безинҳори ман?!
Ай дил, марав дар хуни ман, дар ашки чун Ҷайҳуни ман,
Нашнидайӣ шаб то саҳар аз нолаҳои зори ман?!
Ёдат намеояд, ки ӯ мекард рӯзе гуфтугӯ,
Мегуфт: “Бас, дигар макун андешаи гулзори ман!
Андозаи худро бидон, номе мабар з-ин гулситон,
Ин бас набошад худ туро, к-огаҳ шавӣ аз хори ман?!”
Гуфтам: “Амонам диҳ ба ҷон, хоҳам, ки бошӣ ин замон
Ту сардиҳу ман саргарон, ай соқии хаммори ман!
Хандиду мегуфт: “Ай писар, оре, валек аз ҳад мабар
В-он гаҳ чунин мекард сар, к-ай масту ай ҳушёри ман!”
Гуфто: “Мабош андар ҷаҳон, то рӯйи ман бинӣ аён,
Хоҳӣ чунин, гум шав чунон, дар нафйи худ дон кори ман!
Гуфтам: “Манам дар доми ту, чун гум шавам бе ҷоми ту?!
Бифрӯш як ҷомам ба ҷон в-он гаҳ бибин бозори ман!”.