В-ай зи нурат нақш баста ҳар замоне ҳури нав!
Каж нишину рост биншав, ақл монад ё хирад,
Соқие чун туву ҳар дам бодаи мансури нав!
Кӣ тавонад шишаеро з-оташе бардоштан?!
Ё майи куҳна кӣ донад сохтан з-ангури нав?!
Майчашону майкашон равшандилонро ҷавқ-ҷавқ,
Тоза мекун ин ҷаҳони куҳнаро аз шӯри нав!
Ишқи ишратпешайӣ, ки давлатат поянда бод,
Рӯз-рӯзат иди тоза, ҳар шабонгаҳ сури нав!