Ай Карда Чиҳраи Ту Чу Гулнор Шарми Ту – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай карда чиҳраи ту чу гулнор шарми ту,
Парҳези ман зи чист?! Зи ту, ёр! Шарми ту!
Гулшан зи ранги рӯйи ту сад ранг рехтаст,
Чун гул чаро дамид зи рухсор шарми ту?!
Ман сад ҳазор хирқа зи савдо бидӯхтам,
К-он ҷумларо бисӯхт ба якбор шарми ту!
Софии шарми туст ниҳон дар ҳиҷоби ғайб,
Дурдӣ бирехт бар рухи гулзор шарми ту!
Он дил, ки санг буд, зи шарми ту об рехт,
Ё Раб, чӣ кард дар дили ҳушёр шарми ту?!
Хун гашт номи кӯҳ, ки номаш шудаст лаъл,
Чун дарфитод дар куҳу куҳсор шарми ту!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *