З-ин қулзуми пуроташ, ай чораи халойиқ!
Ту бас қадим пирӣ, бас шоҳи беназирӣ,
Ҷонро ту дастгирӣ аз офати алойиқ.
Дар роҳи ҷонсупорӣ ҷонҳо туро шикоре,
Оваҳ, к-аз ин шикорон то ҷони кист лойиқ!
Махлуқ худ кӣ бошад, к-аз ишқи ту билофад?!
Ай ошиқи ҷамолат нури ҷалоли холиқ!
Гӯйӣ чи чора дорам, к-он ишқро шикорам,
Бемори ишқи зорам, ай ту табиби ҳозиқ!
Лутфи ту гуфт: “Пеш о!” Қаҳри ту гуфт: “Пас рав!”
Моро яке хабар кун, к-аз ҳар ду кист содиқ!
Ай офтоби ҷонҳо, ай Шамси Ҳаққи Табрез,
Ҳар зарра аз шуъоъат ҷони латифи нотиқ!