Хуршеди ӯро зарраам, ин рақс аз ӯ омӯхтам!
Ай маҳ ниқоби рӯйи ӯ, ай об ҷон дар ҷӯйи ӯ,
Бар рӯ давидан сӯйи ӯ з-он оби ҷӯ омӯхтам!
Гулшан ҳамегӯяд маро, к-ин нофа чун дуздидайӣ?!
Ман шериву нофабарӣ з-оҳӯи ҳӯ омӯхтам!
Аз боғу аз арҷуни ӯ в-аз турраи майгуни ӯ
Инак расанбозии хуш ҳамчун каду омӯхтам!
Аз нақшҳои ин ҷаҳон ҳам чашм бастам, ҳам даҳон,
То нақшбандии аҷаб бе рангу бӯ омӯхтам!
Дидам кушоди доди ӯ в-он ҷуду он эҷоди ӯ,
Ман додани ҷон дам ба дам з-он додхӯ омӯхтам!
Дар хоб бе сӯ меравӣ, дар кӯй бе кӯ меравӣ,
Шаш сӯ марав в-аз сӯ магӯ, чун ғайри сӯ омӯхтам!