З-он ки нарезад кунун хуни раҳӣ як лакес!
Ганҷи ниҳони ду кавн пеши рухаш як ҷав аст,
Баҳри лакесе, дило, сард бувад ин макес.
Ошиқии он санам в-он гаҳ тарси касе?!
Якдаму якранг бош, ошиқу он гоҳ пес!
Ай дили шаккарситон, аз намакаш шӯр кун,
Об зи Кавсар бихур, хоки дари ӯ билес!
Зуд бишӯ лавҳро з-абҷади ин кофу нун,
Он гаҳ, ай дил, бирав нуқтаи холаш навис!
Ай ҳасади мавҷзан, баҳри Сиёҳ омадӣ,
Хишти гили тирае з-оби ҷаҳаннам бихес!
Шамси Ҳақу дин кашид теғ бурун аз ниём,
Ай хиради дуксор, тори хаёлӣ бирес!