Ай Ту Чу Хуршеду Шаҳи Хоси Ман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай ту чу хуршеду шаҳи хоси ман,
Куфри ману тавбаву ихлоси ман!
Рақс кунад бар сари чарх офтоб,
То ту бигӯйӣ, ки «Раққоси ман!».
Саҷдакунон пеши дарат нафси кул,
К-ай зи ту ҷон ёфта ашхоси ман!
Нафси кулу ақли кулу он дигар
Баҳри ман гавҳару ғаввоси ман!
Куфри ману гавҳари имони ман,
Ҷурми ману воъизу қассоси ман!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *