Ай Хоб Ба Ҷони Ту Заҳмат Бибарӣ Имшаб – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай хоб, ба ҷони ту, заҳмат бибарӣ имшаб,
Аз баҳри Худо, з-ин ҷо андар гузарӣ имшаб!
Ҳар ҷо, ки бипаррӣ ту, вайрон шавад он маҷлис,
Ай хоб, дар ин маҷлис то дарнапарӣ имшаб!
Имшаб ба ҷамоли ӯ парварда шавад дида,
Ай чашм, зи бехобӣ то ғам нах(в)арӣ имшаб!
Валлайли изо йағшо, ай хоб, бирав, ҳошо,
То аз дили бедорон сад наҳфа барӣ имшаб!
Гар халқ ҳама хуфтанд, ай дил, ту, биҳамдуллаҳ,
Гар дӯш намехуфтӣ, имшаб бипарӣ, имшаб!
Бо моҳ, ки ҳамхӯйем, то рӯз сухан гӯем,
К-ай мӯниси муштоқон, соҳибназарӣ имшаб!
Шуд моҳ гувоҳи ман, истора силоҳи ман,
В-аз новаки истора, ай маҳ, сипарӣ имшаб!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *