Ай Ҳавасҳои Дилам Биё Биё Биё Биё – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай ҳавасҳои дилам, биё, биё, биё, биё,
Ай муроду ҳосилам, биё, биё, биё, биё!
Мушкилу шӯридаам чун зулфи ту, чун зулфи ту,
Ай кушоди мушкилам, биё, биё, биё, биё!
Аз раҳи манзил магӯ, дигар магӯ, дигар магӯ,
Ай ту роҳу манзилам, биё, биё, биё, биё!
Даррабудӣ аз замин як мушти гил, як мушти гил,
Дар миёни он гилам, биё, биё, биё, биё!
То зи некиву бадӣ ман воқифам, ман воқифам,
Аз ҷамолат ғофилам, биё, биё, биё, биё!
То насӯзад ақли ман дар ишқи ту, дар ишқи ту,
Ғофилам, не оқилам, биё, биё, биё, биё!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *