Ай Чароғи Осмону Раҳмати Ҳақ Бар Замин – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай чароғи осмону раҳмати Ҳақ бар замин,
Нолаи ман гӯш дору дарди ҳоли ман бибин!
Аз миёни сад бало ман сӯйи ту бигрехтам,
Дасти раҳмат бар сарам ниҳ, ё биҷунбон остин!
Ё равон кун оби раҳмат, оташи ғамро бикуш,
Ё халосам диҳ чу Исо аз ҷаҳони оташин!
Ё муроди ман бидиҳ, ё фориғам кун аз мурод,
Ваъдаи фардо раҳо кун, ё чунон кун, ё чунин!
Ё дари инно фатаҳано баркушо, то бингарам
Сад ҳазорон гулситону сад ҳазорон ёсамин!
Ё з-алам нашраҳ равон кун чор ҷӯ дар синаам:
Ҷӯйи обу ҷӯйи хамру ҷӯйи ширу ангубин!
Ай Санойӣ, рав, мадад хоҳ аз равони Мустафо,
“Мустафо мо ҷоъа илло раҳмати лилъоламин!”.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *