Ай Чархи Айбҷӯям В-Ай Сақфи Пурситезам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай чархи айбҷӯям в-ай сақфи пурситезам,
То кай ба гӯша-гӯша аз макри ту гурезам?
Ай чархи ҳамчу зангӣ, хунхораи халойиқ,
Ман абри ҳамчу хунам, бар ту чаро нарезам?!
Ай дил бисӯз хуш-хуш, магрез аз ин ду оташ,
К-ин аст бар ту воҷиб, к-ойӣ ба нори тезам!
Мақсуд нур омад, олам танӯр омад,
В-ин ишқ ҳамчу оташ в-ин халқ ҳамчу ҳезум!
Ҳамчун Халили Яздон парвонавор шодон
Дар оташат нишастам, то ҳашр барнахезам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *