Ай Шакарон Ай Шакарон Кони Шакар Дорам Аз Ӯ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай шакарон, ай шакарон, кони шакар дорам аз ӯ,
Пандпазиранда наям, шӯру шарар дорам аз ӯ!
Хонаи шодист дилам, ғусса надорам, чӣ кунам?!
Ҳар чи ба олам туруше, дураму безорам аз ӯ!
Кай ҳаладам бо худ кай?! Май диҳадам бар сари май?!
Гул диҳадам дар маҳи дай, булбули гулзорам аз ӯ!
Ман хушу ту нимхушӣ, ҷаҳд бикун, то бичашӣ,
То қадаҳе май бикашӣ, з-он ки гирифторам аз ӯ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *