Андаромад Шоҳи Ширинон Туруш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Андаромад шоҳи ширинон туруш,
Ҷони ширинам фидои он туруш!
Чашми кажбинро бигуфтам: “Каж мабин,
Кас кунад бовар гули хандон туруш?!
Дар ҳар он зиндон, ки дартобад рухаш,
Кас намонад дар ҳама зиндон туруш!
Гирди боғаш гаштаму, валлаҳ, набуд,
Мевае андар ҳама бустон туруш!
Дар ҳарам хандон бувад султон, валек
Менамояд хеш дар девон туруш!
Гар ту марди мӯъминӣ, бовар макун,
Ангабину шаккару ӣмон туруш?!
Мункир ар бошад туруш, набвад аҷаб,
Нисбате дорад ба бодинҷон туруш!”
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *