Ба Боғ Оем Фардо Ҷумла Ёрон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ба боғ оем фардо ҷумла ёрон,
Ҳама ёрони ҳамдил ҳамчу борон!
Сало гуфтем, фардо рӯзи боғ аст,
Салои ошиқону ҳақгузорон!
Дар он боғ аз бутону бутпарастон
Ҳазорон дар ҳазорон дар ҳазорон!
Ҳама шодону дастандозу хандон,
Ҳама шоҳони ишқу тоҷдорон!
Ба зери ҳар дарахте моҳрӯе,
Зиҳӣ хубон! Зиҳӣ симинъузорон!
Яке ҷавқе пиёда ҳамчу сабза,
Дигар ҷавқе чу шохи гулсуворон!
Набинӣ сабзаро бо гул ҳасудӣ,
Набошад масти он майро хуморон!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *