Чӣ хоҳӣ кард?! Дилро хуну рухро зард, медонам!
Яке бозӣ баровардӣ, ки рахти дил ҳама бурдӣ,
Чӣ хоҳӣ баъд аз ин бозӣ дигар овард, медонам!
Ба як ғамза ҷигар хастӣ, пас оташ андарун бастӣ,
Бихоҳӣ пухт, медонам, бихоҳӣ х(в)ард, медонам!
Ба ҳаққи ашки гарми ман, ба ҳаққи оҳи сарди ман,
Ки гармам пурс, чун бинӣ, ки гарм аз сард медонам!
Маро дил сӯзаду сина, туро доман, вале фарқ аст,
Ки сӯз аз сӯзу дуд аз дуд, дард аз дард медонам!
Ба дил гӯям, ки чун мардон сабурӣ кун, дилам гӯяд:
“На мардам, не зан, ар аз ғам зи зан то мард медонам!”.
Дило, чун гард бархезӣ зи ҳар боде, намегуфтӣ,
Ки аз мардӣ баровардан зи дарё гард медонам?!
Ҷавобам дод дил, к-он маҳ чу ҷуфту тоқ мебозад,
Чу тарсо ҷуфт гӯям гар, зи ҷуфту фард медонам!
Чу дар шатранҷ шуд қойим бирезад нард шаш-панҷе,
Бигӯям “Моти ғам бошам, агар ин нард медонам!”.