Ки аз лаби шакарин бахш як-ду соъ шакар!
Лаби ту аст, ки шаккар зи айни ӯ рӯяд,
На мунтазир, ки расад нася аз буқоъ шакар!
Шакар ба вақти шакархӯрданат насибе ёфт,
Ки бар мазоқи даҳонҳо бувад матоъ шакар!
Бибастайӣ ду лаб имрӯз, з-он ҳаметарсам,
Ки аз ғами ту бимонад зи интифоъ шакар!
Зиҳӣ набот, ки дорад лаби ту, к-аз вай шуд
Амири ҷумла наботот бе низоъ шакар!
Даҳон бибандаму баста шакар ҳамехоям,
Ки то ба ҷон бирасад хуш ба ибтилоъ шакар!