Ба ошиқони муқаддам зи ман паём баред!
Ба рӯзи васл чу барқам, шаби фироқ чу абр,
Аз ин ду ҳоли мушавваш, бигӯ, кадом баред?
Худой хасми шумо, гар ба пеши он хуршед
Зи моҳу шамъу ситораву чароғ ном баред!
Сиёҳкоса шавед, ар зи матбахи ишқаш
Ба сӯйи хони карам дегҳои хом баред!
Нишон диҳам, ки шумо оташ аз куҷо оред,
Зи барқи наъли шаҳаншоҳи хушхиром баред!
Валек маркаби тунд аст, ҳону ҳон, зинҳор,
На зин ҳилад, на лагом, ар шумо лагом баред!
Ҳаёт ёбад он ҷо, агарчи мурда баред,
Ҳалол гардад он ҷо, агар ҳаром баред!
Ҳазор банд чу ишқаш зи пойи ҷон бикшод,
Маро ду даст гирифта ба он мақом баред!
Зи лавҳи ишқ набиштем ин ғазалҳоро,
Ба Шамси мафхари Табрез аз ин ғулом баред!