Ҳамчу моҳӣ ба таки об марав!
Ҳамчу дарё ҳама шаб ҷӯшон бош,
Не, пароканда чу селоб марав!
Оби ҳайвон, ки дар торикист,
Биталаб дар шабу маштоб, марав!
Шабравони фалакӣ пурнуранд,
Ту ҳам аз суҳбати асҳоб марав!
Шамъи бедор на дар ташти зар аст,
Ба замин – дар ту чу симоб марав!
Шабравонро бинамояд маҳ рӯ,
Мунтазир шав, шаби маҳтоб марав!