Ба боми фақру яқин ҳеч нардбон нарасад!
Гумони ориф дар маърифат чу сайр кунад,
Ҳазор ахтару маҳ андар он гумон нарасад!
Касе, ки ҷуғдсифат шуд дар ин ҷаҳони хароб,
Зи булбулон бибуриду ба гулситон нарасад!
Ҳар он диле, ки ба як донги ҷав ҷав аст зи ҳирс,
Бидон, ки баста шавад ҷони ӯ, ба кон нарасад!
Алаф мадиҳ ҳиси худро дар ин макон зи бутон,
Ки ҳис чу гашт маконӣ, ба ломакон нарасад!
Ки оҳуйи мутааннис бимонад аз ёрон,
Ба лолазору ба маръои арғавон нарасад!
Ба сӯйи Акка равӣ, то ба Макка пайвандӣ,
Бирав, муҳол маҷӯ, к-ат ҳамин ҳамон нарасад!
Пиёзу сир ба бинӣ бариву мебӯйӣ,
Аз он пиёз дами нофи оҳувон нарасад!
Хамӯш, агар сари ганҷинаи замирастат,
Ки дар замири ҳудо дил расад, забон нарасад!