Баромад Бар Шаҷар Тӯтӣ Ки То Хутбай Шакар Гӯяд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Баромад бар шаҷар тӯтӣ, ки то хутбай шакар гӯяд,
Ба булбул кард ишорат гул, ки то ашъор баргӯяд!
Ба сарви сабз ваҳй омад, ки то ҷонаш бувад дар тан,
Миён бандад ба хидмат, рӯзу шабҳо ин самар гӯяд.
Ҳама тасбеҳгӯёнанд, агар моҳ аст, агар моҳӣ,
Валекин ақл истодаст, ӯ машрӯҳи тар гӯяд!
Дарояд санг дар гиря, дарояд чарх дар гидя,
Зи арш ояд дусад ҳадя, чу ӯ дарси назар гӯяд!
Ҳазорон симбар бинӣ кушойида бару сина,
Чу он анбарфишон қиссай насими он саҳар гӯяд!
Киро монад дил он лаҳза, ки он ҷон шарҳи дил гӯяд,
Киро монад хабар аз худ дар он дам, к-ӯ хабар гӯяд?!
Ҳадиси ишқ ҷон гӯяд, ҳадиси раҳ равон гӯяд,
Ҳадиси сукр сар гӯяд, ҳадиси хун ҷигар гӯяд!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *