Бе Ту Ба Сар Менашавад Бо Дигаре Менашавад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бе ту ба сар менашавад, бо дигаре менашавад,
Ҳар чи кунам, ишқ баён бе ҷигаре менашавад!
Ашк давон ҳар саҳаре аз дилам орад хабаре,
Ҳеч касеро зи дилам худ хабаре менашавад!
Як сари мӯ аз ғами ту нест, ки андар тани ман
Оби ҳаёте надиҳад, ё гуҳаре менашавад!
Ай ғами ту роҳати ҷон, чистат ин ҷумла фиғон?!
То назанам бонгу фиғон, худ ҳашаре менашавад!
Майли ту сӯйи ҳашар аст, пешаи ту шӯру шар аст,
Бе раҳу ройи ту, шаҳо, раҳгузаре менашавад!
Чист ҳашар? Аз худи худ рафтани ҷонҳо ба сафар!
Мурғ чу дар байзаи худ болу паре менашавад!
Бист чу хуршед агар тобад андар шаби ман,
То ту қадам дарнаниҳӣ, худ саҳаре менашавад!
Донаи дил коштаӣ зери чунин обу гиле,
То ба баҳорат нарасад, ӯ шаҷаре менашавад!
Дар ғазалам ҷабру қадар ҳаст, аз ин ду бигузар,
З-он ки аз ин баҳс ба ҷуз шӯру шаре менашавад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *