Бехуд Шудаам Лекин Бехудтар Аз Ин Хоҳам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бехуд шудаам, лекин бехудтар аз ин хоҳам,
Бо чашми ту мегӯям: “Ман маст чунин хоҳам!
Ман тоҷ намехоҳам, ман тахт намехоҳам,
Дар хидматат афтода бар рӯйи замин хоҳам!”
Он ёри накӯйи ман бигрифт гулӯйи ман,
Гуфто, ки чӣ мехоҳӣ?! Гуфтам, ки ҳамин хоҳам!
Бо боди сабо хоҳам, то дам бизанам, лекин
Чун ман дами худ дорам, ҳамрози маҳин хоҳам!
Дар ҳалқаи миқотам, эманшуда з-офотам,
Муме зи пайи хатмат з-он нақши нигин хоҳам!
Моҳе дигар аст, ай ҷон, андар дили маҳ пинҳон,
З-ин илм яқин астам, он айни яқин хоҳам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *