Бибастӣ Чашм Яъне Вақти Хоб Аст – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бибастӣ чашм, яъне вақти хоб аст,
На хоб аст он, ҳарифонро ҷавоб аст!
Ту медонӣ, ки мо чандон напоем,
Валекин чашми мастатро шитоб аст!
Ҷафо мекун, ҷафоят ҷумла лутф аст,
Хато мекун, хатои ту савоб аст!
Ту чашми оташин дар хоб мекун,
Ки моро чашму дил боре кабоб аст!
Басе сарҳо рабуда чашми соқӣ
Ба шамшере, ки он як қатра об аст!
Яке гӯяд, ки ин аз ишқи соқист,
Яке гӯяд, ки ин фиъли шароб аст!
Маю соқӣ чӣ бошад, нест ҷуз Ҳақ,
Худо донад, ки ин ишқ аз чи боб аст!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *