Бигӯям Хуфя То Хоҷа Наранҷад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бигӯям хуфя, то хоҷа наранҷад,
Ки он дилбар ҳаме дар бар нагунҷад!
Зи мастӣ ман тарозуро шикастам,
Тарозу кони гавҳарро насанҷад!
Бутонро ҷумла з-ӯ бидрид сарбанд,
Ки модагург бо Юсуф нағанҷад!
Ҳам аз ҷумлай сияҳрӯйист он низ,
Ки пеши румие занҷӣ бизанҷад!
Қурозай кист пеши Шамси Табрез,
Ки ганҷи зар биёрад ё биганҷад?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *