Биё К-Аз Ишқи Ту Девона Гаштам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биё, к-аз ишқи ту девона гаштам
В-агар шаҳре будам, вайрона гаштам!
Зи ишқи ту зи хонумон буридам,
Ба дарди ишқи ту ҳамхона гаштам!
Чунон коҳил будам, к-онро нагӯям,
Чу дидам рӯйи ту, мардона гаштам!
Чу хеши ҷони худ ҷони ту дидам,
Зи хешон баҳри ту бегона гаштам!
Фасонай ошиқон хондам шабу рӯз,
Кунун дар ишқи ту афсона гаштам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *