Чу шодӣ кам шавад, бо ғам бисозем!
Биё, то бо Худо хилват гузинем,
Чу Исо бо чунин Марям бисозем!
Гар аз фарзанди Одам кас намонад,
Чи ғам дорем, бо Одам бисозем!
В-ар Одам низ аз мо гӯша гирад,
Ба ҷони ту, ки бе ӯ ҳам бисозем!
Яке ҷо нест моро шодиангез,
Ки гар вайрон шавад, олам бисозем!
Агар дарё шавад оташ, бинӯшем,
В-агар захме расад, марҳам бисозем!
Ба пеши Каъбаи рӯяш бимирем,
Бад-он чоҳу бад-он Замзам бисозем!