Биёр Он Ки Қаринро Суви Қарин Кашадо – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Биёр он, ки қаринро суви қарин кашадо,
Фариштаро зи фалак ҷониби замин кашадо!
Ба ҳар шабе чу Муҳаммад ба ҷониби миъроҷ
Буроқи ишқи абадро ба зери зин кашадо!
Ба пеши рӯҳ нишин, з-он ки ҳар нишаст туро
Ба хулқу хӯву сифатҳои ҳамнишин кашадо!
Шароби ишқи абадро, ки соқияш рӯҳ аст,
Нагираду накашад, в-ар кашад, чунин кашадо!
Бирав, бидузд зи парвона хӯйи ҷонбозӣ,
Ки он туро ба сӯйи нури шамъи дин кашадо!
Расид ваҳйи худойӣ, ки гӯш тез кунед,
Ки гӯши тез ба чашми Худойбин кашадо!
Хаёли дӯст туро муждаи висол диҳад,
Ки он хаёлу гумон ҷониби яқин кашадо!
Дар ин чаҳӣ ту чу Юсуф, хаёли дӯст расан,
Расан туро ба фалакҳои бартарин кашадо!
Ба рӯзи васл агар ақл монадат, гӯяд,
Нагуфтамат, ки чунон кун, ки он ба ин кашадо!
Биҷаҳ, биҷаҳ зи ҷаҳон ҳамчу оҳувон аз шер,
Гирифтамаш, ҳама кон аст, кон ба кин кашадо!
Ба ростӣ бирасад ҷон бар остони висол,
Агар кажӣ, ба ҳариру қазу кажин кашадо!
Бикаш ту хори ҷафоҳо, аз он ки хоркашӣ
Ба сабзаву гулу райҳону ёсамин кашадо!
Бинӯш лаънату дашноми душманон пайи дӯст,
Ки он ба лутфу саноҳову офарин кашадо!
Даҳон бибанду амин бош дар сухандорӣ,
Ки шаҳ калиди хазина бари амин кашадо!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *